БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки ҷавонон на танҳо фардои миллат, балки имрӯзи давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз бояд ҳарчӣ бештару беҳтар ба омӯзиши илму техника ҷалб шуда, баъди хатми муассисаи миёна ба Донишгоҳҳои олӣ аз рӯйи ихтисосҳои писандида дохил шуда, ба халқу Ватани хеш содиқона хидмат намоянд. Инчунин, намояндагони ҳизбӣ оид ба истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ пайвастани ҷавонон, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо ба китобу китобхонӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва аз худ нишон додани фаъолнокӣ дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва маҳфилҳои илмию адабӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg