БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИҲО БО НИҚОБИ “ПУШТИБОН” ВА Ё “ҒАМХОР” МЕХОҲАНД, ДИЛИ МАРДУМРО БА ДАСТ ОРАНД…

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, зери таҳдиду хатарҳои геополитикӣ қарор дошта, зарурати муборизаро ба муқобили ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ, ҷиддӣ пеш меорад.

Шукронаи соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз Тоҷикистони азизу маҳбуби мо миёни қариб ҳамаи давлатҳои дунё аз ҷиҳати амнияту осудагӣ дар ҷойҳои намоён қарор дорад.

Ҳамин оромиву осудагии имрӯзи кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азиз ҳаст, ки барои ҳама имконоти кору фаъолият, илмомӯзиву ихтироъкорӣ ва кӯшиш намудан ба зиндагии шоистаро фароҳам овардааст.

Имрӯз,ки мо тоҷикон соҳиби Ватани озоду ободем, набояд фаромӯш кунем, ки беватаниву бедавлатиҳо бар сари беҳтарину фозилтарин хирадмандон ва миллат давлатамон чӣ оварда буд.

Воқеан ҳам, шаҳди Истиқлолият имкон дод,ки насли имрӯзаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ ба таъриху тамаддуни гузаштаи худ биоварад.

Дар марҳилаи имрӯза, давлатҳои абарқудрати ғарбӣ барои ҳифзи манфиатҳои худ дар давлатҳои ақибмонда ва рӯ ба инкишофи давлатҳои хурд, унсурҳои фарҳангии номақбулро таҳмил мекунанд ва барои онҳо як амри муқарраристу бо шиорҳои “Демократия” ва “Озодӣ” манфиатҳои аққалиятҳои хурди милливу диниро бар ҳукуматҳои расмӣ афзал медонанд,ки дар мисоли давлатҳои Ироқу Либия, Сурияю Яман ва ғайра давлатҳои дигар ин барномаашонро роҳандозӣ намудаанд.

Ин аст, ки бо дастгириву маблағгузориҳои бевоситаи хоҷагони хориҷӣ, тариқи шабакаю сомонаҳои мухталифи интернетӣ, мавқеъгириҳои сиёсии ҳизби мамнуъи ҲНИ, ки дар қаламрави Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон шудааст, иддао мекунанд,ки таъмини амну субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои роҳбарияти он мебошад.

Таърих гувоҳ асту чун ба ҳамагон маълум аст, ки дар асл чунин набуда мақсади роҳбарияти ТТЭ ҲНИ пеш аз ҳама боварии мардумро ба даст овардан, ақидаҳои хоҷаҳои хориҷиашонро дар мафкураи мардум ҷой диҳанду сохти конститутсионии кишварро барҳам зананд.

Ватангумкарда озодӣ наёбад,

Ҷаҳон ёбад вале шодӣ наёбад.

Бо дарназардошти ин, террористону ифротиёни наҳзатӣ тайёранд,ки боз ҳам барои ҳунари ифротгароиву иғвоангезиҳои сиёсӣ, дар назди пуштибонҳои хориҷиашон ба намоиш гузоштаву аз марги инсонҳо ва ҳатто аз ин вируси марговари короно суйистифода намоянду боз ҳам барои қонеи нафси ҳаромашон маблағе дарёфт намоянд.

Боварӣ дорем,ки мардуми сарбаланди кишвари азизу маҳбубамон- Тоҷикистон, алалхусус ҳамватанони муҳоҷиронамон,ки биродарони ҷонии моанд, ба баромадҳо ва хабару дассисаҳои бепояву беасоси Кабириву пайравони ӯ,ки дар сомонаҳои интернетӣ интишор мегарданд, бовар накарда, ба хотири халалдор нагардидани амну осудагии Ватани азизамон, бар зидди чунин падидаҳои эктремистиву ифротӣ муборизаҳои дастаҷамъона барем.

Ҳамватанони азиз!

Шукрона аз Худои бузург (Ҷ) мекунем, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо имрӯз соҳиби Ватани озоду маҳбуб-Тоҷикистони азиз ҳастем. Беватанӣ-ин худ касофатӣ, бадбахтӣ, бединиву бемазҳабист. Ношукрӣ накардаву бегонапарастӣ накунем.

Чунки:

Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,

Чӣ хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.

Ҳасанова Нигора, муовини раиси КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg