БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗГОР - ЧАШМКУШОИ НАСЛИ НАВРАС

АНДЕША. Омӯзгор нафарест, ки мартабаи баландеро соҳиб мегардад. Агар ҳамроҳи омӯзгор ба сайру гашт бароем ё, ин ки ба ҷойе ҳамсафар бошем, мушоҳида мекунем, ки садҳо нафар сар хам намуда “Ассалом устод” гуфта ҳоли устодро мепрусанд. Албатта ин пеша пешаи  ифтихор аст ва шуғлест, ки самараи дилхоҳ барои ҳар як мутахассис медиҳад. Омӯзгорро шогирдон ва ҳам волидони шогирдон ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Зеро агар омӯзгор шогирдони хуберо таълиму тарбия диҳаду ба воя расонад, ҳамон қадар обу рӯи худро баланд мебардорад. Ҳар як мансабдори давлатӣ аз тарбияи устоде ба воя расидааст. Аз ин лиҳоз омӯзгорон нафароне ҳастанд, ки дар як рӯз то садҳо насли наврасро чашмашонро ба олами ҳастӣ бо дониш ва илм мекушоянду ба онҳо неку бади зиндагиро мефаҳмонанд. Устод, роҳнамо, равшангар, нафарест, ки моро барои зиндагӣ кардан меомӯзонад.   

Омӯзгор касби оддӣ ҳам нест. Ҳар як омӯзгор барои таълим додан, ёд додани хатту савод додан, заҳматҳои зиёде кашида, инсонро ба мутахассис табдил медиҳад. Заҳматҳои кашидаи устодро танҳо ӯ ва атрофиёнаш медонанд. Омӯзгорон ҳам таълимдиҳанда, насиҳатгар, равоншинос ва дар баъзан ҳолатҳо ҳамчун волидайн ҳар як шогирдро роҳнамоӣ менамояд. Адибону шоирони тоҷик дар васфи омӯзгор, равшангари роҳи ояндаи мо гуфтаанд:

                                Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
                                Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

                                                    ***

                               Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
                               Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

                                                  ***

                               Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
                               Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

                                                            ***

                              Расад ҷон бар лаби бечора устод,
                              Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии омӯзгорон имтиёз ва шароитҳо муҳайё карда мешавад. Омӯзгорон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Таъмиру азнавсозии мактабҳо, таъмини лавозимоти дарсӣ ва ҳалли дигар мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.

Ҳамасола омӯзгорони собиқадор, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои фаннӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, дар рӯзи омӯзгор, дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои мамалакат қадрдонӣ карда мешаванд.

Омӯзгорон шахсиятҳои барҷаста ва равшангару таълимдиҳандаи насли наврас ва ҷавонон мебошанд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раииси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg