БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ БЕНАЗИРАНД

ВОКУНИШ. Душманони мардуми Тоҷикистон аз масъалаҳои кӯчак фил сохта мунтазам ҳангомаҷӯӣ менамоянд. Онҳо тамоми фаъолияти сохторҳои давлатиро зери танқид қарор дода, худро ҳомии мардум мешуморанд, аммо дар амал гирем ин баръакс аст. Мо нағз дар хотир дорем, ки ин зумра бадхоҳон бо мақсади пулу мол як кишвари озоду амниятро дар солҳои 90-ум ба майдони ҳарбу зарб қарор доданд, ки танҳо мардуми бечора қурбони ҷанг гардид. Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо  вақтҳои охир зери танқиди ғаразноки душманони мардуми Тоҷикистон қарор гирифтааст, ки онҳо ёвагӯӣ карда, далелҳои беасосро ба забон меоранд.  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам талош бар он менамояд, ки барои мардуми Тоҷикистон шароити арзанда фароҳам оварда, иқтисодиёти давлатро боло баранд. Аз ҷониби дигар ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ низ пайваста кӯшиш намуда, муносибатҳои дипломатиро бо давлатҳои тараққиёфта ба роҳ мемонад. Пешвои миллат бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми кишвар яъне “саноатикунонии мамлакат” талош варзида истодааст, инро мо мардуми Тоҷикистон хуб медонем. Амният, сарҷамъии мо беҳтарин неъмат буда, мо барои ин дастоварди бузург ҳамеша заҳматҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр мекунем. Пешвои миллат ғамхори мо мардуми Тоҷикистон ҳаст ва доимо барои ин мардум заҳмат мекашад.

Мирзоева Г., сокини ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg