ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни сокинон ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Бояд қайд намоем, ки аъзои фаъоли ҳизб баҳри амалисозии ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода, дар корҳои ободонию созандагии диёри худ саҳмгузор бошад.
Дар охир ба якчанд нафар шахсони фаъол, ки аризаҳои худро барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ пешниҳод намуда буданд, тантанавор шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.