БОХТАР. Дар ташкилоти тибтидоии “30-солагии Истиқлолияи давлатӣ” вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Саидов Илҳом мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, Зувайдуллозода Фароғат мутахассиси бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Бохтар, Толибзода Толиб мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, Куганов Иззатуло аъзои гурӯҳи корӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ Шарипов М., устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок дошанд.
Нахуст, Саидов Илҳом доир ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии давлатии ҷавонон маърӯза намуда, иброз дошт, ки мо, ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлоли кишвари маҳбубамон аз муҳаббати самимии беандозаи Пешвои миллат пайваста бахравар буда, пайрави ҳамешагӣ дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон – Тоҷикистони азиз ҳастем.Дар идома Толибзода Толиб доир ба мавқеву мақоми ҲХДТ дар ҷомеа, ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон ва ғайра ибрози назар намуд. Аз ҷумла, Толибзода Толиб таъкид дошт, ки ҲХДТ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХД ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардида, талош баро он дорад, ки таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолияти худро густурдатар намояд.