ШАҲРИТУС. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Хокак”-и ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ, имомхатиб, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон маҷлиси ҷамъбасти семорҳаи сеюм ва вазифаҳо барои минбаъда доир гардид.
Масъулин дар маҷлис вобаста ба аъзокунӣ ба сафи ҳизб, рафти “Обуна-2022” ба нашрияи “Минбари халқ”, вусъати кишти кори тирамоҳӣ, аз он ҷумла ҷамъоварӣ ва супоридани пахта, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, инчунин дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо корҳои хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карданд. Инчунин, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи семоҳаи сеюм шунида шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайян карда шуданд.