ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Шарифзода ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фирўз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Бобуна» вохȳрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории вохȳрӣ Сафаралӣ Шарифзода оид ба фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ба мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суҳбат намуд.
Фирўз Пиров дар бораи риоя кардани Қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, инчунин дар бораи фаъолгардонии аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон бо ҷамъомадагон суханронӣ намуд.