ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохȳрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Боронов Сабзаалӣ бо сокинони деҳаи Даҳаи намаки ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни баргузории мулоқот дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа буд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба иштирокдорон фаҳмонид. Инчунин, оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 маълумот дод. Суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаидро сокини деҳа Нақшов Раҳмоналӣ ҷонибдори карда андешаҳои худро баён дошта, хоҳиш кард, ки бо қабули 5 нафар сокинони деҳа ба сафи ҲХДТ дар деҳаи Даҳаи намак ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.