ХУРОСОН. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастовардҳои беназире, ки дар 30-соли сипаригардида халқи тоҷик ба даст овардааст, андешаронӣ намуда, ба хонандагон барои саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорат дар муассисаи таълимӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣтавсияҳои судманд доданд.