АНДЕША. Ягонагӣ ва ваҳдатгароӣ дар тӯли мавҷудияти башарият яке аз арзишмандтарин мавзуот мебошад. Ваҳдати миллӣ, ваҳдати башар, ваҳдати вуҷуд ва амсоли инҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҳакамон, орифон, адибон, давлатдорон ва дигар табақаҳои мунаввар фикри аҳди бостон қарор дошт.
Мардуми маърифатдӯсти тоҷик анъаноти гузаштагони хешро ҳифз намуда, бо такя ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсиву фарҳангӣ аз дер боз миллати худро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунад ва ба сӯйи тамаддуни мутараққӣ гом мегузорад.
Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар хомӯш кардани даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ нақши боризе гузошт.
Ҷои ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлӯҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризояти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд.
Албатта, сулҳу салоҳ дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯст ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост.
Маҳз ваҳдати миллӣ ҳисси масъулиятшиносӣ ва боварӣ ба сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зеҳну фаҳмиши кулли мардуми кишвар мукаммалтар сохта, дар давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ дар татбиқу амалисозии сиёсати ваҳдатгароёнаи Сарвари кишварамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Файзизода Каримҷон, раиси КИ ҲХДТ дар н.Панҷ