АНДЕША. Ман сокини ноҳияе мебошам, ки як гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосои мо мебошад. Аз хурдӣ бо чашми сар ҳама мушкилоту камбудиҳои даврро дидаму имрӯз шукрона мегӯям. Солҳои 90-ум барои ман ҳамчун як кӯдаки хурдсол басо вазнин ва фаромӯшнашуданӣ буд. Зеро дар ин давр мардум танҳо барои сер кардани шиками худ меандишидану дигар корҳо барояшон дуюминдараҷа буд. Нон аз ҷуворимакка, арзан, тухми ҷорӯб ва дигар маводи ғизоие мардум истеъмол мекард, ки дар шароити имрӯза шояд ҷонварон аз хӯрдани он худдорӣ намоянд. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон солҳо заминҳои талу теппа ба мардуми деҳот дода шуду мардум бо талошҳои зиёд заминро самаранок истифода мебурданд. Баъди ду- се сол маҳсулоти ғизоӣ дар бозор афзуд, дастархони мардум ранги дигар гирифта, маводҳои ғизоии нав низ дар бозор ворид мегардид. То рафт захму зиёни ҷанг аз байн мерафту дар кишвари азизи мо насими ободиву осудагӣ мевазид.
Мардум сол аз сол зиндагиаш беҳтару хубтар гардида, барои хонадор кардани фарзандонашон омодагӣ медиданд. Бо қабул шудани қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазъи иҷтимоии шаҳрвандон то рафт хубтару беҳтар мегардид. Як нишонаи беҳтар шудани вазъ дар он буд, ки техникаҳои фарсуда аз миён рафта, ба ҷойи онҳо техникаҳои боракашу сабук ворид мегардиданд.
Дар кишвар хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил гардиданд, ки онҳо барои мардуми маҳал ҷойи корӣ ва имконияти истеҳсоли маводи озуқаворӣ гардид. Инчунин, шумораи донишҷӯёну донишомӯзон зиёд гардида, донишкадаву донишгоҳҳо аз рӯйи ихтисосҳо нав фаъолияти худро оғоз намуданд. Дар кишвар соҳаҳои фалаҷгардида ба по хеста, дар ин миён соҳаҳои нав низ ба вуҷуд омаданд. Кишвари озоди мо ба кишвари тавлидкунандаи молу маҳсулот табдил ёфта, ҳадафҳои стратегии худро ба иҷро расонид. Роҳҳои нақлиёт, оҳан ҷавобгӯӣ талабот сохта шуда, ба дигар давлатҳои ҳамсоя рафтуомад оғоз гардид, ки ин раванд моро ба ҳадафи стратегӣ, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ расонид.
Дар ҳолати рушди соҳаҳои мухталиф кишвари азизи мо ба сохтани иншоотҳои бузург шурӯъ намуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои тараққиёфтаи хориҷ ҷиҳати беҳтар намудани ҳамаи соҳаҳо шартнома баста, ҷиҳати ба кор даровардани коргоҳҳои хӯрд замина гузошта, сармояи хориҷиро бо ташкил намудани минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ ҷалб намуд.
Баъди ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохтмонҳои иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ оғоз гардид. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 корҳои ободонию созандагӣ шурӯъ шуда, тамоми инфрасохтори зарурӣ дар деҳаву маҳаллаҳо бунёд карда шуд.
Акнун мо шароити худро беҳтар намудему бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвари мо «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро Сарвари давлат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд ва дар ин замина, чорабиниҳои мушаххас гузаронида шуда истодаанд.
Кишвари ободу озод, дорои табиати нотакрори мо барои сайёҳон диққатҷалбкунанда мебошад. Барои ин сайёҳон ба тамошо меоянд, ки ин амал метавонад буҷаи ҳар як хонадон ва давлатро ғанӣ гардонад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон ин кишвари зебоманзари худро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҷиҳати рушди он тамоми чораҳоро андешем.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ