АНДЕША. Дар охири асри – ХХ ва аввали асри ХХI миллати тоҷик, пас аз ҳазор соли сукути давлати Сомониён аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ шуда, дар масири бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Бунёд ва таҳкими ҷомеаи навин қабл аз ҳама ба худшиносӣ ва худогоҳӣ зарурат дорад, ки он бидуни рӯй овардан ба арзишҳои волои фарҳангии ин миллати дорои тамаддуни бостонӣ ғайриимкон аст.
Таҳқиқу баррасӣ намудани афкори иҷтимоию сиёсӣ ва анъанаҳои воло ва арзишманди идоракунӣ ва роҳбарии давлат дар осори мутафаккирони гузашта аз аҳамият холӣ набуда, насли имрӯзаи ҷомеаро бо сарчашмаҳои асили маънавии миллат ошно хоҳад сохт.
Гузашта аз ин, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба буҳрони ахлоқию маънавӣ дучор гардида, арзишҳои иҷтимоии волои миллӣ то андозае коста гардидаанд, низомҳо ва ниҳодҳои идоракунанда ва роҳбарикунанда ба мадад, маслиҳат ва тарбияи ахлоқӣ ниёз доранд. Таҳлили осори ахлоқию тарбиявӣ ва афкори мутафаккирони гузашта оид ба сарварии ҷомеа ва идоракунии давлат дар осори мутафаккирони гузашта, аз қабили Ҷомӣ ва дигарон, ки дар назму наср эҷод гардидаанд саршори панду андарз ва тавсияҳои ибратомӯзи зиндагӣ, хиради идоракунӣ мебошанд ва ин арзишҳо барои ҷавонон ва хизматчиёни давлатӣ аҳамияти басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар таърихи адабиёт ва илму фарҳанги халқи тоҷик номи як зумра шахсиятҳои маъруф бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба яке аз онҳо маҳсуб меёбад.
Ин мутафаккири бузург, адиби оламшумул, орифи ҳақиқатсаро бо эҷодиёти бою рангини худ асрҳо ин ҷониб шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «…бузургии олимону орифони маъруфу маҳбубе чун Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, пеш аз ҳама, дар ҷовидонӣ будани офаридаҳои онҳост, зеро ҳар чӣ онҳо гуфтаанд, дар замири наслҳо маскан гирифтааст ва бегазанду ҷовидона боқӣ мондааст. Бахусус Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба эътирофи ҳамзамононаш аз шахсиятҳои фавқулоддаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт ва берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр – аз Форс то Осиёи Сағир ва Ироқу Ҳиндустон шуҳратёр буд.
Маҳбубияти Мавлоно аз нигоҳи дигар дар он аст, ки муҳимтарин асарҳои адабӣ ва илмии ӯ ба бисёр забонҳои дунё, аз ҷумла англисиву франсавӣ, олмониву лотинӣ, русиву, арабӣ, туркиву ҳиндӣ, урдуву арманӣ, озариву ӯзбекӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Ба шеъру достонҳои Абдураҳмони Ҷомӣ шоирони бузурге, монанди Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калимаи Кошонӣ Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Ҷоҳурӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд».
Воқеан ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат мебошад. Чунки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун донишманд, мутафаккир, адиб, олим, ҷомеашинос дар таърихи фарҳангу маънавиёт мақоми барҷаста дорад. Алалхусус, андешаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар боби сарварию роҳбарӣ ва усулҳои идоракунии ҷомеа ва давлат ҷолиби диққат мебошанд, ки ҳамин ҷавҳари аслии муҳиммияти омӯзиш ва ё мубрамияти таҳқиқи масъаларо ташкил медиҳад.
Таҷлили ҷашни фархундаи 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар соли 2014 бо ибтикори маънавии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати беназир таҷлил гардид, барои равнақу ривоҷи ҷомишиносии тоҷик дар давоми Истиқлолият такони бузург бахшид.
Ҳадаф аз таҳқиқи масъалаи мазкур нишон додани нуктаи назар ва андеша оид ба идоракунӣ ва роҳбарӣ аз нигоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Пешвои миллат ин гуфтаҳои бузургонро самашқи корӣ худ қарор дода, воқеан ҳам бо тамоми ҳастӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ тавонист давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ шуҳратёр гардонад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи илму фарҳанг, маданият ва шеъру адаби тоҷик шахсияти нотакрорест, ки партави осору афкор ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои баланд мазмуни он асрҳо инҷониб дилу дидаи аҳли башарро мунаввар месозад. Таълифоти сершумор рисолаҳои илмию адабӣ ва ашъори баландмазмуни Ҷомӣ гувоҳи донишу маърифати амиқ, истеъдоди фавқулодда ва шахсияти беназири ӯ мебошад. Тавре, ки ба ин мазмун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни мо дар асри понздаҳум мебошад.
Шӯҳрати ӯ ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Сағир, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд. Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш низ шуҳрат ва эътибору обрӯи зиёд дошт.
Шоиру нависандагони маъруф ва алоқамандони шеъру шоирӣ аз саросари Мовароуннаҳру Туркистон, Ироқу Озарбойҷон ва Эрону Туркия таълифоташонро ба Абдураҳмони Ҷомӣ барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши ӯ мегузарониданд, ба суҳбаташ мешитофтанд ва аз ӯ сабақ мегирифтанд.
Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати Мавлоно Ҷомӣ дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки ӯро беҳтарин ҳаками замонаш медонистанд.
Аз таълифоти илмии марбут ба ҷараёни зиндагӣ, рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷомӣ бармеояд, ки ӯ воқеан яке аз саромадони илму маърифат ва қуллаи баланди шеъру адаб буда, ба қавли адиби бузурги олмонӣ Гёте «тамоми ҳусну қубҳи осори пешгузаштагонашро мисли як дарза ба ҳам пайваста, онро пайравӣ намуд, нав кард ва инкишоф дод ва ба таври равшан он ҳамаро дар худ таҷассум гардонид, ба наслҳои аз паси ӯ оянда роҳи дигаре намонд, ба ҷуз он ки худро пайрави ӯ созанд».
Самиев Муртазо, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант