ҶАЙҲУН. Бо иштироки кулли кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани маркази Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, хусусан гирду атрофи Нишон ва Парчами давлатӣ шанбегӣ гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар шанбегии мазкур бехи дарахтони ҳамесабз нарм карда шуда, аз ҳаргуна алафҳои худрӯй ва партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин масъулин итминон доранд, ки чунин корҳои ободонӣ ҳар рӯзи шанбе баргузор хоҳад гашт.