Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази таълимию касбомӯзӣ”-и ноҳия вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо, фаъолони ҳизб вобаста ба мавзӯи “Коррупсия-ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа” вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Мӯсоев Хуршед оид ба вуҷуд овардани ҳолатҳои коррупсионӣ, мубориза алайҳи он, хавф доштану оқибатҳои номатлуб доштани он, инчунин дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, бар илова дар бораи ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ машваратҳои муфид доданд.