АНДЕША. Бобоҷон Ғафуров шоир, нависанда ва мутафаккири барҷаста буда, тамоми умри худро ба таърихи Шарқ ва миллати тоҷик бахшидааст. Китоби “Тоҷикон” ҳуҷҷати расмии тоҷикон буда, муаррифгари ин миллат дар ҷаҳон мебошад. Он имрӯз китоби рӯимизии ҳар як тоҷику ҳар як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст.
Ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ҳақиқатан ҳам ибратомӯз аст. Ду- се сол пас аз нашр шудани китоби “Тоҷикон” дар атрофи он ҳар гуна суханҳо пайдо шуд. Ҳатто баъзе олимон мегуфтанд, ки ӯ чаро номи китобашро “Тоҷикон” гузоштааст. Яъне, тобиши миллатгароӣ додан мехостанд. Дар охири ин набардҳо Бобоҷон Ғафуров ғолиб омада ва соҳиби обурӯю иззати зиёде дар тамоми ҷаҳон гашт.
Дар давоми роҳбарии ӯ (1946-1956) Тоҷикистон ба зинаҳои навтарини тарақиёт баромад. Чанд муддат чун сафир ҳам хизмат кардааст. Қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъинаш намуданд. Ӯ даҳҳо нафар шогирдонеро парварид, ки имрӯзҳо машъалбардори илму таърих меӣошанд.
Ба гуфтаи шоири Покистонӣ Файз Аҳмади Файз “Бобоҷон Ғафуров бузургтарин фарзанди машриқзамин буд”.
Хушбахтона, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ китоби “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи халқи кишвар ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд ва баҳри донистани таърихи гузаштагон барои мо сокинони хушбахти даврони истиқлол манбаи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб хоҳад рафт.
Ҳамин тавр, солҳо мегузаранд, вале хизматҳои ин фарзанди фарзонаи тоҷик дар ёду дар дилҳо мемонад. Китоби “Тоҷикон”, барҳақ, шиносномаи миллати тоҷик барои ҷаҳониён аст.
Сайфулоев Раҳмиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун