ПАНҶ. Самаранокии кори ҳар як Кумитаи иҷроия аз фаъолияти хуби ташкилотҳои ибтидоияш вобастагии зич дорад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб тадбирҳои муфидро рӯйи кор гирифтааст.
Бо ҳамин ният барои расонидани ёрии методӣ ва шиносоӣ бо тарзи ҳуҷчатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» - и назди беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Носиров Ёғибек ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Ҳошимов Тоҳир вохӯрӣ бо роҳбарият ва фаъолони ин ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.
Зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатгузорӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Шифо» маълум гардид, ки ин ташкилот дар асоси Оиннома ва барномаҳои ҲХДТ ҳуҷҷатнигории худро ба роҳ монда, яке аз ташкилотҳои фаъол ва намунавӣ дониста мешавад.
Ҳуҷҷатдорӣ, аз қабилӣ китоби бақайдгирии аъзо, нусхаи ҳисоботҳои молиявӣ, протоколҳои маҷлисҳои ташкилоти ибтидоӣ, нақшаи қабул ба сафи ҳизб ва иҷроиши он, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ ва ғайра дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроия ба ташкилот маводҳои гуногун, аз қабили Оиннома, барномаҳои ҳизб, китобу буклетҳои хусусияти тарғиботию ташвиқотидошта, нишони сарисинагӣ ва парчамҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.
Дар охир ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти мазкур аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия маслиҳату машваратҳои муфид ба масъулони ташкилот дода шуд.