БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТ ҲАМОН ВАҚТ ТАВОНМАНДУ МУҚТАДИР МЕШАВАД, КИ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИЮ МИЛЛИИ ХУД АРҶ МЕГУЗОРАД

АНДЕША. Дар ростои  таърих миллати тоҷик ба он ҳама арзишу фарҳанге, ки дошт, дар муқобили ҳама нобасомониҳои асрҳо ва тангназарию  кӯтоҳандешии хиёнаткорони дохилию хориҷӣ онро ҳифз ва ба насли оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт. Анъанот ва урфу одатҳои миллӣ новобаста аз  иваз шудани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар давраҳои гуногуни таърих мисоли армуғон то ба насли имрӯз расида, тоҷикро дар сайёра ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибдевон ва дорои шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ муррифӣ месозад.

Ҳатто, баъзе аз миллатҳои ғайр фарҳанги пурғановати моро то ба имрӯз гиромӣ дошта, аз истифодаи ин арзиши гаронбаҳо дар соҳаи илму маърифат, сиёсату давлатдорӣ то ҷое ҳам муввафақ шуданд. Гарчанде заминҳои аҷдодӣ дар муборизаҳои сиёсӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз даст рафтанд, вале арзиши фарҳангу ҳуввияти тоҷикӣ, илму маданият, донишмандию давлатдории тоҷикона то имрӯз боқист ва дарси ибратест барои тарбияи дурусти насли ҷавони имрӯзи мо.

Имрӯз вақте  сухан аз соҳаи тибб меравад, донишманди давр Абуалӣ ибни Сино пеши рӯ меояд ва вақте сухан аз кайҳоншиносӣ оғоз мешавад назария ва донишномаи  Абурайҳони Берунӣ моро ба муҳити беохири кайҳон ворид месозад. Чунин чеҳраҳои саршинос садҳо нафар дар шинохти миллату фарҳанги бою ғании мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муътабар   доранд.

Дар назарияи исломшиносӣ ва муаррифии он ба ҳайси дини поку беолоиш донишномаи  Салмони Форсу, Собит ибни Нуъмон ва садҳо нафар дигар донишмандону донандаҳои илми фиқҳи исломӣ  аз донишмандию фурӯтании мардуми форсу тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ башорат дода, собит месозад, ки тоҷик аз азал ҳамеша донишманду  закӣ ва миллати соҳибмаърифату соҳибтамаддун аст.

Давлатдории имрӯзаи мо низ дар партави арзиши гаронбаҳои фарҳангӣ гузаштаи миллат тақвият ёфта,  бо назардошти афкори гузаштаю имрӯзаи ниёгон пойбарҷо ва дар  садади  рушд ёфтан хоҳад буд.

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду суханрониҳо бо назардошти фарҳанги пурғановати гузаштаи миллатамон тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ба раванди давлатсозии миллӣ даъват намуда, таъкид медоранд, ки дар эъмори давлатдории навин бояд ҳар як сокини сарбаланди кишварамон моҳияти  давлатдорию давлатсозиро бо назардошти сабақҳои талхи таърихӣ дарк  намоянд. Зеро давлатсозию давлатдорӣ кори якрӯзаю дурӯза ва саҳлу содда  нест. Шояд дар ҷомеа назарҳо, андешаҳо гуногун бошанд вале чандирандешӣ бояд то ҳадде бошад, ки ба пояҳои давлатдории миллӣ газанде  нарасад.

Такя ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва гиромидошти чеҳраҳои саршиноси сиёсию фарҳангӣ дар рушди зеҳнию ирфонии насли нав саҳми беандоза дошта, зиндагиномаи онҳо моро дар раванди бунёди давлатдории навин ва эҳтиром ба таърихи гузаштаю имрӯзаи миллат рӯҳбаланд месозад. Воқеан, донистани таърихи миллат барои ҳар як аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ  шарт ва зарур аст.  Азбаски сайёраи моро рӯз аз рӯз хавфи афзоиши гурӯҳҳои хатарзо бо омӯзиши афкори ғайримиллӣ миёни наслҳои нав такон медиҳад, дар муқобили ин ҳама худфаромӯшӣ талқини ҷавонону наврасон ба омӯзишу эҳтироми гузаштаи миллат ягона роҳи ҳифзи арзишҳои дар тӯли таърих ба меросмонда миллату давлати моро ба дури мақсуд мерасонад.

Бубинед, ки дар як муддати кӯтоҳ дар заминаи тарғиби ақидаҳои ифротии дар зеҳни ҷавонони кишварҳои мусалмонӣ такмилшуда тақдири имрӯзу ояндаи давлатҳои Ховари Миёна зери хатар ва сатҳу сифати мардум дар ҳоли фақр қарор гирифт. Ҳамсоякишвари мо Афғонистон зери назари аҷнабиёни исломгарои ифротӣ  ҳама дастоварду пешрафти кишварашонро тайи бист соли охир зери по гузошта, имрӯзҳо чӣ ҳоли табоҳе доранд.

Дар ростои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва донистани таърихи пурғановати миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувор ва тадбирҳои мушаххасу  муосир рӯи даст гирифта шуданд.  Бахусус, аз сари нав чопи китоби таърихии Аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»  ва дастрас намудани он ба ҳар як хонаводаи тоҷик, инчунин роҳандозӣ ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!», «Тоҷикистон –Ватани маҳбуби ман!» ва «Илм- фурӯғи маърифат!» дар бедории ҳуввияти миллӣ ва донистани таърихи гузаштаи миллатамон таъсири бевосита  хоҳанд дошт.

Умдатан, донистани таърихи гузаштаю имрӯзаи миллат барои воростан аз ҷаҳолати зоҳирпарастӣ ҳатман, ки ҳиссагузор аст ва дар ин масир талқини тамоми аҳли чомеа ба омӯзишу азхудкунии гузаштаи пурғановатамон моро ба сӯи музаффарияту рушди давлатдории навин раҳнамун ва ба дури мақсуд  мерасонад. Бо ин мақсад бояд ҳар як фарди тоҷик дар таълиму тадриси фарзандону насли нав бетараф набошад, зеро ободии Ватан аз тарбияи дуруст ва  донишҳои мукаммалу замонавии ҳар як сокини ин марзу бум вобастагии амиқ  дорад.

Т.Назарзода, раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg