БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

               Тоҷикаму лафзи ман чун шакар бошад,

               Аҷдоди ман аз азал суханвар бошад.

               Дороии дигарон агар симу зар аст,

               Дороии ман забони модар бошад.

АНДЕША. Ҳар як давлату миллат дорои адабиёт, тамаддун ва дигар нишонаҳои хос буда, он аз насл ба насл гузашта, туфайли шахсиятҳои бузурги таърихӣ, шоиру нависандагон ва мутафаккирони давр побарҷо ва нигоҳ дошта мешавад. Дар ин радиф забон яке аз унсурҳои муҳими давлатдорӣ буда, метавон онро нишонаи асосии соҳибихтиёрӣ ва ягонагии давлат номид. Забон дар баробари воситаи алоқа забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони поягузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба имрӯз забони давлатист. Таърих гувоҳ аст, ки ҳарчанд давлатдории Сомониён ҳанӯз дар қарни 10 таназзул ёфта бошад ҳам, забони тоҷикӣ новобаста аз  он ки давлатдорон киҳо буданд ба ҳайси забони шеъру сухан хизмати наслҳо кард ва имрӯз он ҷараён дорад. Барҳақ устод фармудааст:

                   Тоҷик забон дораду Сомон дорад,

                   Фарҳанги ғанӣ Ғиёсу Бурҳон дорад.

                  То кам нашавад таровату файзи хушиш

                   Ин боғ зиёда боғбонон дорад.

Дар тӯли таърих аҷнабиёне, ки ба кишвари мо дастдарозӣ кардаанд, пеш аз ҳама барои аз байн бурдани забони форсии тоҷикӣ чораю тадбир андешидаанд, вале на юнонӣ на арабу турку муғул ин забони ширини модарии моро аз байн бурда натавонистаанд. Танҳо бо дамидани субҳи Истиқлол ва махсусан баъди ба сари қудрат омадани фарзанди барӯманди халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даъвогароне, ки дар Тоҷикистон дузабонию сезабонӣ ҷорӣ карданӣ буданд, муҳри хомӯшӣ зада шуд. Бо мақсади такмили забони тоҷикӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 октябри соли 2009 таҳти № 553 Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Минбаъд ҳар сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

                   Пуршира бувад забони ман мисли асал,

                   Аз ӯст баланд шираи байту ғазал.

                   То шираи ин забон бувад дар комам,

                   Обам набувад зарур дар рӯзи азал.

Назурова Суман,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg