БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША.  Дар ноҳияи Данғара Конференсияи  байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор  гардид. Дар кори Конференсияи байналмиллалии “Мактаби сиёсии  Пешвои миллат” олимон, муҳаққиқон, намояндагони Маҷлиси Олӣ, ректорону намояндагони донишгоҳу, донишкадаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳамзамон ректорону  олимони донишкадаҳои хориҷи кишвар, ки  тавассути Онлайн (фосилавӣ) иштирок намуданд. Тибқи  барномаи таъсиснамудаи КИМ ва КИВ ҲХД Т дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор карда шуд, дар кори Конференсия  муовини аввали Раиси ҲХДТ  муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини раиси  вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, намояндаи Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси  намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор, Бобоҷониён Раънохон, Давлатзода Сайфиддин, Исозода Диловаршоҳ, Миралиён Қ.А, Шоҳиён Нуралӣ Набот ва дигар олимону муҳаққиқон иштирок  намуданд. Конференсияи байналмиллалиро  раиси КИВ Миралиён Қиёмиддин пешбурда, сухани ифтитои Конференсияи байналмиллалӣ – амалии Мактаби Сиёсии  Пешвои миллатро” бо муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам  Азизи Абдуҷаббор дода, баъди  табрикот  ва оғоз бахшидан ба кори Конференсия  ҳамзамон маърӯзаи илмии хешро, дар мавзӯъи “ Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ба ҳозирин иброз намуданд.

Конференсия, ки аз тарафи ҲХДТ дар  вилояти Хатлон бо якҷоягии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, раиси  ташкилоти ибтидоии “ Нури Истиқлол”  Шоҳиён Нуралӣ Набот баргузор карда шуд  аз тарафи  ҳозирин баҳои баланди илмию фарҳангӣ дода шуда, қисмати аввали кори Конференсия  бо баромадҳои олимону муҳақиқони дохилию хориҷӣ тибқи барнома амали карда шуд.

Сипас,  меҳмонону раисони КИ ҲХДТ, дар вилояти Хатлон  бударо дар як қисмати  зебои ноҳияи Данғара, ки бо номи боғи “ Симурғ”  машҳур аст, зиёфати  нисфирӯзӣ аз тарафи  Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара дода шуда, баъди нисфирӯзӣ дар бахшҳои алоҳида ҳозирин ҷо ба ҷо  карда шуданд. Дар воқеъ кори бахшҳо  дар утоқҳои алоҳида дар сатҳи баланди  илмию  амалӣ гузаронида шуд, ки худи ман  дар бахши Сиёсати амалисозии барномаи ҲХДТ, амнияти озуқаворӣ иштирок доштам ва дар ин бахш зиёда аз 12 – нафар олимони  мувафақ  барномаю  лоиҳаи хешро пешниҳод  намуданд, ки боиси дастгирию пуштибонии  мо ҳизбиён мебошад, ки мо барои дар амал  татбиқ намудани ҳадафҳои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди истифодаю тавсияҳои судманди хеш омода медиҳем.

Хулоса, мо аз гузаронидани чунин Конференсия  хело хушҳолу шод гардидем, ки дар он бори  дигар  олимон, муҳақиқон корнамоию ҷонисориҳои Пешвои миллатро дар ҳамаи соҳаҳои  хоҷаги халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифи  намуда, ҷавононро даъват бар он намуданд, ки  аз ин мактаби бузурги Пешвои миллат омӯхта  дар оянда дар воқеъ Пайравони Пешвои миллат  бошанд.

 КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg