БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

ДАНҒАРА.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Забон ” ва Иди омӯзгорон  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад ва омӯзгорону собиқадорони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, Қурбонов Илҳом оид ба  дастовардҳои шуъбаи маорифи ноҳия суханронӣ намуд. Сипас,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара зимнан омӯзгоронро  ба рӯзи идашон табрику муборакбод намуда, ба онҳо барору комёбиҳо ва дар корҳояшон бурдбориҳоро таманно намуд.

Дар идомаи чорабинӣ   Файзиддинзода Бунафша ба сухан баромада, иброз дошт, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти  муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат арзёбӣ гардидааст.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба як қатор  собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои  ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд,  бо Сипоснома ва тқҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg