БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ НОУМЕДИҲО БАСО УМЕД АСТ...

АНДЕША.  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми азияткашидаи тоҷик як нур мебошад. Нуре, ки ҳаётбахшу наҷотбахш, нуре, ки қалбҳоро равшану гармӣ мебахшад ва умеде барои ояндаи дурахшон мебошад. Иҷлосия ин рӯйдодест таърихӣ ва сарнавиштсоз. Дар ин рӯйдоде, ки тақдири миллати тоҷик муайян мегардиду аз он вобаста буд ба Пешвои муаззами  миллат, соябони тори сари ҳамаи мо тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад.

Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар андак вақт назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадору ҷасур, поквиҷдону далер, оқилу доно аз рӯзи ба сари давлат омадан ҷомаи нангу номус ба бар карда, тамоми нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ масраф намуд. Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ин рӯйдод дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Сарвари ҳар як кишвар шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамонии мову шумо, Пешвои маҳбуби ҳамагон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд чи гунае, ки   Пешвои миллат дар радифи ҷисму ҷон дўст медоранд он чунон дӯст дорем ва ҳозир бошем то лозим ояд ҷони худро низ дареғ надорем.

Мирзоева Гулрухсор,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg