ВОСЕЪ. Ободӣ, зебогӣ, тозагӣ ва гулгулшукуфоии Ватан пеш аз ҳама аз хона, кӯча, маҳалла, деҳа ва ноҳияву шаҳри худ оғоз мегардад. Бинобар ин сабаб сокинони меҳнатдӯст ва ободкорӣ ноҳияи Восеъ пайваста барои ободу зебо гардонидани яке аз гӯшаҳои диёри хеш саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ин бор низ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ корҳои ободкорӣ ва зебогардонӣ дар назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида шуд, ки дар он мардуми меҳнатдӯсти ноҳия назди биноҳо ва ташкилотҳои худро тозаву озода намуданд. Хурду бузург ба ҳашар баромада, бехҳои дарахтони ҳамешасабзро нарм, ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза, кӯчаҳоро рӯбучин намуданд. Сокинон қайд менамоянд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва беназир барои ҳар як сокини ин кишвар мебошад ва барои пос доштан ба қадри ин неъмати гаронбаҳо расидан вазифаи ҳар яки мост, ки ҳар як гӯшаву канори диёрро тозаву озода нигоҳ дорем ва барои гулгулшукуфоии он саҳми муносиби худро гузорем.