ВОСЕЪ. Дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъол вохӯрӣ дар мавзӯъи “Дастовардҳои 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо ҷавонон муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ оид ба дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонони кишвари мо дар ӽама давру замон фаъол буданд. Асосан имрӯз таваҷҷуӽ ва дастгирии ӽамаҷониба, ғамхориву дилсӯзии Сарвари давлатамон мо, ҷавонони даврони истиқлолиятро боз ӽам қавитару фаъолтар бинмудааст. Бояд қайд намоям, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба масъалаҳои мо ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидан ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои маҳбуби миллат, ҷавононро зарур аст, ки бо ташаббусҳои созандаву бунёдкорона баҳри гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон саҳми худро гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ бо мақсади ҷалб ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо нашрияҳои ҳизбӣ ройгон дастрас гардонида шуд.