БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШРИЯҲОИ ҲХДТ БА СОКИНОН ҲОДИСАҲОИ ВОҚЕИРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД

ВОСЕЪ. Дар шароити феълӣ нақши матбуот дар ташаккули фарҳанги сиёсии мардум мавқеи муҳимро дорад. Барои он ки матбуот инъикосгар-таҳлилкунандаи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад, ҳамчунин, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа гузоришҳо пешниҳод мекунад.

Вобаста ба ин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба хондани нашрияҳои ҳизбӣ ва бедор намудани тафаккури сиёсии онҳо дар ҳудуди ноҳия нашрияи мазкурро миёни сокинон паҳн намуданд.

Ҳамзамон, зимни суханронӣ ба сокинон расонида шуд, ки дар нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” тамоми рӯйдодҳои ҳизб, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рафти иҷрои ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ оид ба корҳои ободкориву созандагӣ, латифаҳо, маслиҳатҳои муфид, навигариҳо ва дигар мавзӯҳои ҷолибу хондани  чоп мегардад, ки ин ҳама диққати хонандаро ҷалб намуда, боиси васеъ гардидани ҷаҳонбинии сиёсии онҳо мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg