БОХТАР. Имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносхтани асолати миллӣ туҳфаи Пешвои миллат ба шаҳрвандони мамлакат бознашр ва тақдими китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” идома дорад.
Ҳафтаи сипаришуда корвони китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров вориди шаҳри Бохтар гардид. Аллакай тақсимоти туҳфаи Пешвои миллат ба сокинони шаҳр оғоз гардида, дар назар аст, ки аз ҷониби мақомот ва шахсони масъул ба ҳамаи оилаҳои шаҳр он дар кӯтоҳтарин фурсат дастрас карда мешавад.