БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ҳусни инсон аст

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Чал-Чал” бо бонувон ва ҷавондухтарон вохȳрӣ доир карда шуд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардааст, занону бонувони моро зарур аст, ки баҳри рушди ҳунарҳои миллӣ дар байни ҷавондухтарон ҳунарҳои мардумиро бозҳам сайқал дода, кȳшиш намоянд, ки ҳунарҳои фаромȳшударо аз нав эҳё карда, дар дили ҷавонон завқи ҳунаромӯзӣ ва касбомӯзиро ҷой диҳанд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Ғафурзода Фирдавс зикр намуд, ки эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз як дастгирии беназир аз ҷониби Пешвои миллат дар ин самт маҳсуб меёбад.

Иқдоми навбатии Раиси муаззами ҳизб барои ҷавонони ҳунарманд боз як имкониятест, ки ҳунарҳои дӯстдоштаи худро сайқал диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg