БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Қонуни мазкур аз 28 модда иборат буда, истифодаи забони давлатиро ба танзим медарорад. Барои риоя накардани талаботи  қонуни мазкур ҷавобгарӣ пешбинӣ  шудааст.  Қайд кардан ба маврид аст, ки аз соли 2009 ин сана ба рӯйхати ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.

Бешубҳа, олитарин зуҳурот ва нишонаи мавҷудияти ҳар як миллат забони ӯст. Айни замон аҳолии дунё бо 5 ҳазор  забон сухан гуфта, аз 65 хел алифбо  истифода мебаранд. Забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат мебошад. Ба ин муносибат кулли  ҳамватанони дохил ва хориҷи кишвари азизамро  самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободию сарбаландӣ ва барору комёбиҳоро дар корҳоятон орзумандам.

Миллат ҳамаи шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва тавоноии худро дар забони зиндаи худ муаррифӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо чандин маротиба таъкид намудаанд, ки гиромидошти забони модарӣ як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватан аст. Зеро эҳтироми модар, эҳтироми Ватан , эҳтироми муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегардад. Ҳамзамон, забони модарӣ дар ҳама  давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдориямон  омили муҳим дониста мешавад.

Афкори илмию бадеии чандинҳазорсолаи гузаштагонамон ба воситаи забони ноби тоҷикӣ ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил гардидааст.

Бинобар ин, забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳуввияти милӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ  аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллат пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Бинобар ин дар замони истиқлолияти давлатӣ, ҳамаи мо вазифадорем ҳастем, ки забони гуворои тоҷикиро муқаддас дониста, онро аз ҳама гуна камбудиҳо ҳифз намоем. Ба қавли шоир то рӯзе, ки забони тоҷикӣ вуҷуд дорад, фарҳангу тамаддунамон побарҷост:

        Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон

         Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

        То забон дорад, ватандор аст ӯ.

        То забондон аст, бисёр аст ӯ.

Ҳамаи мо бояд кӯшиш намоем, ки забони модариамонро сидқан дӯст дошта, ҳамеша онро покиза нигоҳ дорем, зеро ҳар ки ба қадри забон нарасад, ба қадри ҳеҷ чиз  ва ҳеҷ кас намерасад.

Шарипов Ф.П., вакили Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg