ШАҲРИТУС. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Усмонов Абдуқаҳор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Тағоев Марат ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов маҷлиси ҳизбӣ доир карданд.
Дар маҷлис намояндангони ҳизбӣ вобаста ба аъзокунӣ ба сафи ҳизб, рафти “Обуна-2022” ба нашрияи “Минбари халқ”, вусъати кишту кори тирамоҳӣ, аз он ҷумла оид ба ҷамъоварӣ ва супоридани пахта, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, инчунин дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ғайраҳо андешаронӣ карда, ҳозир инро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.