АНДЕША. Вақте, ки дар оила фазои боварибахш, рӯҳияи болида ва муносибатҳои пайвандон бо ғамхорӣ ва меҳрубонии якдигар якҷояанд ин нишонаи истиқлолият аст. Истиқлолият ҳамчун неъмати бузурги халқу миллатҳои озодихоҳ ҳамеша соҳибихтиёриро дар ҳудуди муайян бо доштани ҳувияти хос таҷассум месозад. Халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати хос касб намуд. Барои миллат ин бахти баланд ва воқеаи хеле фараҳбахш буд. Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи кишвари хешро бо кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт. Миллати тоҷик бо истиқлоли худ соҳиббахт гардид. Парчамашро афрохт, қонун таҳия кард, артиши мустақил сохт, тамаддуни аҷдодиро эҳё намуд, илму фарҳангу маорифи миллиро ташаккул бахшид, кошонаву корхона бунёд кард, соҳиби асъори миллӣ гардид, марзу буми худро мушаххас гардонид. Дар замони истиқлолият халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати озод ва мустақил аст. Миллати озодпарасту озодихоҳи тоҷик бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии солҳои 90- уми гузашта ҳамчун як кишвари озодандешу соҳибистиқлол аз нав эҳё ва ба эъмори давлати миллати худ шурӯъ намуд. Барои миллати тоҷик истиқлолият дар ҳазорсолаи таърих воқеан санаи басо тақдирсоз буд ва ҳаст. Имрӯз мо танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро обод гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат - ҷавонон. Ҳамчунин ҷавонони бонангу номус бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки нохалафе ё гурўҳи манфиатдоре тавонад ба истиқлолият ва сулҳу ваҳдати мо ё аз байн бурдани он кӯшиш кунад.
Мусоев Хуршед, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ