ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Саидмуминзода Аббос бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Москва ва фаъолон баргузор гардид.
Зимни баромад Саидмуминзода Аббос дар бораи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб суханронӣ карда, барои ба тартиб овардани утоқ ва ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо дода, таъкид кард, ки аъзои фаъоли ҳизб ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тадбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, аз ҷумла амалисозии аксияҳои ҳизбӣ ва корҳои созандагию ободонӣ ба мақсад мувофиқ аст.