АНДЕША. Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад. таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд. Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи замин намунаи ибрат нишон медиҳанд. Аз онҳо чизҳои зиёдеро метавон омӯхт, ба онҳо метавон баробар шуд. Онҳо бо пиндору гуфтор ва рафтори худ собит месозанд, ки агар кас завқу хоҳиш дошта бошад, дар назди худ ҳадафи мушаххас бигузорад ва ҷиҳати расидан ба он саъй ва кӯшиш намояд, роҳи ҳаллу фасли ҳар гуна мушкилот ва иҷрои вазоифи мухталиф, ҳатто бениҳоят мураккаб ва миқёсан бузургро хоҳад дарёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти миқёси ҷаҳонӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошанд. Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад». Формулаи сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат мутааллиқ аст.
Дар тӯли 30 соли Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуданд ва воқеан пойдевори Тоҷикистони навинро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, гузоштанд.
Тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.
Истиқлол барои сарҷамъию ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб шароити созгор фароҳам овард ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҳамагонро таҳким бахшид. Ба андешаи шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ «Мисли он ки аз баракати талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».
Мардуми зафарманду шуҳратёби Тоҷикистон дар зарфи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ барои таҳкими Истиқлоли миллӣ саҳми намоён дошта, дар тамоми зинаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзию саноатии кишвар муваффақ гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.
Ноҳияи Ёвон, ки ман имрӯз намояндагии онро дар ин конференсия ба зимма дорам, яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, имрӯз аз ноҳияи агро-саноатӣ ба ноҳияи саноатӣ- аграрӣ табдил ёфтааст ва имрӯз корхонаҳои азими санаотӣ дар ноҳияи Ёвон қомат афрохта, таъмини зиндагии арзандаро барои мардум таъмин сохта истодаанд.
Яке аз таъмини амнияти хӯрокворӣ аз самаранокӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад, ки ин самт дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ибтидо то ба имрӯз арзиши воқеӣ дорад, зеро ки соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти мардум мебошад. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии ҷамоат бо хӯрокворӣ ба тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур мебошад, мусоидат менамояд.
Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон