ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи
“Ишмурод Ниёзов” ва дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён корҳои рангуборкунӣ оғоз гардид.
Фаъолон тасмим гирифтаанд, ки таъмири биноро сифатнок ба анҷом расонанд, ки ин бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардидааст.