БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Аз ҷониби Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17- ноҳия дар муассисаи мазкур конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони “Забон ҳастии миллат” ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда шуд.

Дар рафти баргузории конференсияи мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумита иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар кори конференсия аз ҷониби омӯзгорони фанни забон ва адабиёт дар мавзуи забони давлатӣ маърӯза пешниҳод карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби толибилмони муассисаи номбурда дар васфи забони давлатӣ шеърҳо қироат карда шуда,  ҷамъомади тантанавӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg