БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ПОЯИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША.  Таърих собит намудааст, ки  забони тоҷикии форсӣ бештар аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмию байналмилалӣ ба шумор мерафт. Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи аҳли илму маорифи кишвар қарор дорад, ин ба мақоми забони илм расонидани забони тоҷикӣ аст. Яъне, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо назардошти иҷрои моддаи 10 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» уҳдадор карда шуданд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Тавре дар банди якуми моддаи мазкур дарҷ гардидааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм, забони давлатӣ аст».

Боиси хушнудӣ аст, ки мо дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон забони миллии худро дорем ва пояи давлат, шоҳсутуни миллати хеш ин забони тоҷикист бо дастгирии марди шарифе, ки арҷгузориаш ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла забони модарӣ назир надорад. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо забони давлатии худро соҳиб гардидем

Бо ин нияти нек, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми шарифи тоҷику Тоҷикистониёнро бо Рӯзи Забон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвари азизамон хонаи нуру зиё, сиҳатию саломатӣ, шодию фараҳ, дастархони пур аз нозу неъмат ва дар корҳои ояндаашон баҳри пешрафту шукуфоии кишварамон бурдбориҳо таманно менамоям.

      Иди Забон муборак, ҳамватанони азиз!

Абдуллоев Ваҳобиддин, муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg