БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Балҷувон-1” ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро омӯзгорону хонандагони МТМУ№1 ва кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ташкил намуда, доир ба Рӯзи забони давлатӣ ва қадру манзалати забони шевои тоҷикӣ  баромад карданд. Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо бо вуҷуди таҳаввулоти гуногуне, ки  дар ҳаёти мардуми мо ба вуқуъ омадааст, қимати худро аз даст надода, балки боз ҳам рушд карда истодааст. Мо аз он ифтихор менамоем, ки ҳанӯз ҳам бо забони Рӯдакию Саъдӣ, Ҳофизи Шерозию дигарон сухан мегӯем. Хонандагони МТМУ№1-и ноҳияи Балҷувон низ дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg