БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҶАВОНОН АСТ

БАЛҶУВОН. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Балҷувон маросими ботантана гусел намудани наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  маросими сафарбарнамоии ҷавонони аз 18 то 27,  ки синнашон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ расидаанд, ихтиёран, пас аз гузаштани ташхиси тиббӣ сафарбар гардиданд. Дар маросими ботантана гусел намудани наваскарон муовини раиси ноҳияи Балҷувон  Зоирзода Маърифат ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф  иштирок ва суханронӣ намуданд. Пас аз андешарониҳо дар нази наваскарон ва падару модарон, пирони рӯзгорида, ки худ  дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ ИҶШС хизмати Ватан -Модарро сарбаландона адо намудаанд, дуои хайр карда, ҷавононро барои ҳимояи Ватан- Модар гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки Мирзозода Исуф низ дар қатори дигар ҷавонон фарзанди хурдии худро, ки орзуи афсар шуданро дошт, ихтиёран барои хидмат ба Ватан ботантана гусел намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg