БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”-ро баргузор намуд.

Пеш аз оғози кори Конференсия меҳмонони расмӣ ва дигар иштирокчиён аз намоиши китобӣ, ки дар саҳни Донишгоҳи давлатии Данғара ташкил шуда буд, дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои илмию методии тозанашр ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар қасри фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара қисмати расмии чорабинӣ дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайнӣ) доир гардида, дар рафти он олимону дигар донишмандон аз донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода оғоз бахшида, иштирокчиёнро хайрамақдам ва меҳмонони расмиро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор зимни баромади худ, аз ҷумла қайд кард, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки замоне Тоҷикистон дар оташи ҷанг месӯхт, маҳз дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ роҳбаре лозим буд, ки бояд ватанро аз вартаи оташи ҷанг раҳо намояд. Хушбахтона Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу талошҳои ҷонфидоёнаи худ мамлакатро аз вартаи нестӣ наҷот доданд. Мардумро ба сулҳу субот ҳидоят намуда, кишварро аз буҳрони шадиди иқтисодӣ раҳониданд.

Дар кори Конференсия инчунин Назирӣ Гулбаҳор Назир, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раънохон Бобоҷониён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайридин, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар Конференсия 150 нафар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар низ ширкат доштанд.

- Асоси илмию назариявӣ ва методӣ касб намудани фаъолият ва дилхоҳ соҳа ҳамчунин маданияти ташкили идоракунӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар радифи таъмини сифат ва самаранокии ҳадафу вазифаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, онҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошад. Илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад, - таъкид гардид дар конференсия.

Назирӣ Гулбаҳор Назир, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикикитсон оид ба иқтисод ва молия, оид ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат баромад намуд. –Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар шукронаи он мекунанд, ки дар як фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мудати кӯтоҳ миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар ва дорои забону миллат, фарҳангу таърих дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст, –иброз дошт Н. Гулбаҳор.

Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон зимни баромади худ аз ташкил ва баргузории чунин як конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ дар ташаккул ва рушди илмомӯзии ҷавонон мусоидат мекунад. Маҳз талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас мебошад. Ба истифода додани садҳо иншооти таъиноташон гуногун дар вилояти Хатлон исботи гуфтаҳои болост.

Инчунин, дар кори Конференсия ректорони донишгоҳҳо низ аз рӯи мақолаҳои илмии худ маърӯза намуданд. Зимнан, дар охир ба як қатор фаъолон, аз ҷумла Нуралӣ Набот–ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода–раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Исозода Диловаршоҳ-ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва чандеи дигар, ки дар таҳкими ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, бо сипосномаҳои ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки аз нимаи дуюми рӯз беш аз 80 мақолаҳои илмию таҳлилии олимону муҳаққиқон дар бахшҳои алоҳидаи Конференсия: “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”, “Иқтисод ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ”, “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва  матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg