БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАББАТ БА ЗАБОНИ МОДАРӢ ЯК ҶУЗЪИ МУҲАББАТИ ВАТАН АСТ

АНДЕША. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадими дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз он забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Ҳар як инсон пеш аз оне ки бо забонҳои дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан агар кас забони худро донад, омӯхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Бо ифодаи Турсунзодаи бузург «Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори устод Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем». Пас, аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, соддаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии устод    Рӯдакии бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ ӯ саҳми босазое гузоштааст. Дар китоби устод Рӯдакӣ садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тоҷикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Мо тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигаҳ дорем. Нагузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад-гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондӯстон медонем.

Чуноне, ки Президенти кишвар дар Паёми худ гуфтанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкара тавоно бошад. Гузашта аз ин умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳо мебошад».
«Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст».

Забони модарӣ шаҳди ҳаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода, он муқаддасу гуворо ва азизу мӯътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст. Имрӯз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:
Агар истиқлолияти давлатии тоҷиконро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузошта бошанд, ин натиҷаи бузурги таърихӣ аз сухани шакарбори тамаддунофари гуҳарбори устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Забони тоҷикиро гирд карданду гиромӣ доштанд, то ба санг андар ҳаме бингоштанд, аз он кохи бегазанд сохтанд ва Пешвои миллат, Сарвари муаззами миллати мо онро то ба кохи бузурги Созмони Миллали Муттаҳид бардоштанд.

С.Ҷалилова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg