ҶАЙҲУН. Дирӯз бо иштироки намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо омӯзгорон ва толибилмони “Литсейи касбӣ- техникӣ” суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суханронӣ намуда, ҳамаи омӯзгорон ва ҳозиринро бо Рӯзи таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» муборакбод гуфта, дар корҳои минбаъда, хусусан дар самти таълиму тарбия ва омӯзонидани ҳунар ба насли наврас баҳрашон комёбиҳои беназирро орзу намуданд.