БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сатҳи огоҳии мардум аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд гардида истодааст

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кӯшониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардӯм ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намӯдани  ҳадафҳои  ҲХДТ   ва  оид  ба  тақвият  бахшидани  робита  бо  маҳал  бо  мардӯм  мӯлоқотӯ  вохӯриҳо  баргӯзор  намӯда  истодаанд.  

Ҳамзамон,  вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”  бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён оид ба   иҷрои талаботҳои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, Соли рӯшди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намӯдан дар атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  ва инчунин мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқотҳо  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”  аз 12 майи соли 2018 ва иштироки Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара аз 2 июни соли 2018  баргузор гардид, ба ҳозирин расонида шуд.

Дар охир ба  иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg