БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БАРОИ МАРДУМИ МО ВАТАНИ БИҲИШТОСО АСТ

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати обҳои маъданӣ, меваҳои тару тоза, канданиҳои фоиданок, сангҳои қимматбаҳо, растаниҳои шифобахши кӯҳӣ, ҷойҳои истироҳатию табиӣ, аз ҷумла гармчашма, чилучорчашма, хоҷаоби гарм ва ғайра дар ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Сайёҳони хориҷӣ барои аз ин неъматҳои Ххудододи баҳравар шудан ба Ватани мо ташриф оварда, дар ҳайрат мемонанд, ки чунин ҷойҳои истироҳативу табобатӣ дар рӯи замин вуҷуд дошта аст.

Инчунин, дар Ватани мо чор фасли сол ҳукумронӣ мекунад, ки қариб, ки ин чор фаслдар дигар давлатҳо вуҷуд надорад. Ааҷибтаринаш инаст, ки фасли зимистон фасли хунуктарини сол мебошад, аммо монанди дигар давлатҳо зимистони дилгиркунанда надорад ва барои мардуми мо хеле зудгузар мебошад,  дар ин фасли сол ҳамаҷо барфпӯш шуда, аммо зуд мегузарад.

Агар фасли баҳорро гуфта гузарем ин фасли сол дар Ватани мо хеле хуб ҳукумронӣ карда, дар ин фасл зиндашавии табиат ба вуҷуд омада, талу теппаҳо сабзу хуррам мешаванд, дарахтони мевадор пур аз гул гашта, чак -чак задани кабкҳои кӯҳӣ ба гӯш расида ва аз замин сабз шудани гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ба назар мерасад. Дар ин фасли зебои сол файзу баракат зиёд шуда, мардуми тоҷик ба иди миллт, яъне иди Наврӯз таваҷҷуҳи зиёд дошта, барои баргузор намудани ин иди миллӣ таомҳои ҳархела пухта, дастархонҳо пур аз нозу неъмат мешаванд чорабиниҳои варзишӣ,  аз ҷумла гӯштингирӣ, асптозӣ, бандкашӣ ва ғайраҳо

баргузор намуда, сайёҳони хориҷӣ дар ин фасли сол мехоҳанд ба Ватани мо омада аз анъанаҳои миллии мо бохабар шаванд.   

Дар ватани мо фасли тобистон низ ҳукумронӣ мекунад, ки ин фасли сол фасли гармтарини сол аст. Дар ин фасли сол меваҳову сабзавот пухта расида хонаҳои мардуми тоҷик пур аз нозу неъмат мешавад, деҳқонон гандум кишт мекунанд, аҷибтаринаш инаст, ки меваҳое, ки дар ин фасли сол  пухта мерасанд, хеле ширину хуштаъм буда, метавонад ба саломатии мо барои зиёд шудани витаминҳо ба организм фоидаовар бошад.

Охирон фасли соле, ки дар мо ҳукумронӣ мекунад, ин фасли тирамоҳ мебошад. Ин  фасл фасли хазонрез буда, монанди дигар фаслҳо низ баракати худро дорад ва метавонад меваҳои хуштаъме дошта бошад, аз ҷумла пухта расидани чормағз, себ, себи биҳӣ, ангур, анор, харбуза ва дигар маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ ба чашм мерасад.

Ҳусейнов Умед,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg