БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН МАКТАБИ ШУҶОАТУ МАРДОНАГИСТ

АНДЕША.  Ватан муқаддастарин ҷойгоҳе, ки дар оғӯшаш ба дунё меоем ва рушд мекунем. Чуноне, мегӯянд “хори Ватан аз гулу гулзор беҳтар”  Ватанро намешавад, танҳо барои зебогию дилнишинияш дӯст дошт, зеро интихоби Ватан ба дасти мо нест, ки танҳо барои интихобамон дӯсташ дорем. Бешак Ватан як олами табиӣ ба монанди модари якто яктост. Дӯст доштани Ватан аз муҳимтарин ва волотарин эҳсосҳо ва вазифаҳои инсонӣ ба шумор меравад.  Мо бояд гуфтаи Пешвои муаззами миллатамонро барои худ шиор кунем, ки гуфтааст:- «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем».

                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чуноне, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

Яке аз вазифаҳои муққадас дар назди Ватан ва адои қарзи Ватандорӣ ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.  Ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудаанд, ё ин ки хизмати аскариро адо намудаанд онҳоро ҳамчун ҷавонони баркамол, мардони ҳақиқӣ номидан ба воқеият наздик аст, чунки хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар, посдории мукаддасоти миллӣ ва арзишҳои суннатии миллати кӯҳанбунёди мо тоҷикон ба шумор меравад. Ҷавоне, ки дар мактаби мардонагӣ обутоб ёфтааст, аллакай дӯстро аз душман, хубро аз бад ва таҳаммулпазириву қавииродагӣ, ҷасурию хайрхоҳӣ ва ба бунёд намудани оилаи солим омодаасту меҳри Ватанро пайваста дар ниҳодаш мепарварад. Ин аст оини ҷавонмардӣ! Бинобар ин шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ва ҳимояти он аз хатарҳои муосири ҷомеаи имрӯз, аз қабили терроризму экстремизм ҳамагон масъул бошем. Зеро Ватани моро ба ҷузъ аз фарзандони баору номус ва сарсупурдаи ин марзу бум каси дигар ҳимоят намекунад. Боқӣ дар ҷодаи давлатдорӣ ва ҳифозати давлату миллат ба тамоми ҷавонону ҷавонмардони ин сарзамин барору комёбӣ мехоҳам.

Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg