БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТ ВА ТАРАҚҚИЁТИ ҲАР ЯК ДАВЛАТРО БЕ СОХТМОНҲОИ АЗИМ ТАСАВВУР КАРДАН ҒАЙРИИМКОН АСТ

АНДЕША. 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории Ватани азизамон камари ҳиммат бубандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуданд, ки саҳми Сарвари давлат дар он беҳамтост.

Дар як вақти кӯтоҳ бо сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, маҳбуби хурду бузурги миллатти куҳанбунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатамон корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки зиндагии шоистаи ин миллатро таъмин намуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст - Россия ду агрегати нерӯгоҳи “Сангтӯда I” ба истифода дода шуданд. Оғози сохтмони иншооти бузурги аср - Роғун ҳаёти мардуми тоҷикро ба куллӣ дигаргун намуд. Албатта, ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар таккони ҷиддӣ бахшид ва ояндаи давлати мо ва ояндаи мардуми тоҷик дурахшон гардид.

Мувафаққиятҳои даврони истиқлол зиёданд. Дар давоми 30 сол иншоотҳои калони саноатӣ низ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия ва шаҳр корхонаҳо, муассисаҳо таълимӣ, боғчаҳо, беморхонаҳои хурду бузург, боғу гулгаштҳо ва ҳазорҳо иншоотҳои дигар мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода шуд. Биноҳои зиёди замонавӣ ва осмонбӯс дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намудаанд. Хулоса, кишвари азизу биҳиштосоямон  рӯз то рӯз тараққӣ намуда, комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр ва меҳандӯст бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Чунки ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Мирзоева Гулрухсор, мудири  шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg