БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ШИНОСНОМАИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Мо давлати соҳибистиқлолем, рушди ҳаматарафаи мо забон аст, яъне забони тоҷикист. Мо тоҷикон ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем. Ба бахти халқи тоҷик ва забони модарӣ ин халқи бостонӣ дар даврони Истиқлолият марди шарифе, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла забони модарӣ назир надорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо нахустқадамҳояш мо забони давлатии хешро соҳиб гардидем. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон, чунин изҳор намуданд: “Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад».

Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана ва ҷашни миллӣ даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. яъне ҳар сол рӯзи 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, барои миллати тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд. Илова бар ин лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мардуми шарифи тоҷику Тоҷикистониёнро бо Рӯзи Забон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвари азизамон хонаи обод, сиҳатию саломатӣ, шодию фараҳро таманно менамоям.

Иди Забон муборак, ҳамватанони азиз.!

М.Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg