БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОР АЗ ЗАБОНИ МИЛЛАТ

АНДЕША.  Забон яке аз нишонаҳои асосии давлату миллат мебошад. Мо тоҷикон бо забони модарии худ ифтихор мекунему шукронаи онро дорем, ки чунин забони шевою гуворо, нобу пок ва бою ғанӣ дорем.

Забони мо забони таърихист ва умри дарозу бобаракат ва қадимаро дорост. Ин забон тайи ҳазорсолаҳо ба ворисони худ хизмат карда, ҳамчун мероси ниёгон аз қаъри асрҳо то ба имрӯз омада расидааст.

Халқи тоҷик сарнавишти мудҳишу даҳшатнокро паси сар карда, дар талоши забону давлат ва миллати хеш муборизаи беамон бурдааст. Ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи миллат баҳри забону сарзамини аҷдодӣ ҷон додаву марзу бум гум кардаанд.

Забони тоҷикӣ дар дарозои таърих ҳимоятгари давлату миллати хеш буд. Замоне ин забон баҳри барқарории давлати тоҷикон, миллати тоҷик бо ҷаҳду талошҳои Айнии бузургвор нақши бориз гузошт. Устод Айнӣ солҳои бистуми асри гузашта дар асари «Намунаи адабиёти тоҷик» исбот намуд, ки тоҷикон таърихан забони худро доранд ва бо ин забон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва дигарон осори пурарзиши худро таълиф намудаанд. Худи устод Айнӣ дар баробари ҷаҳду талошҳояш бо эҷод намудани асарҳои ҷовидонааш-«Ғуломон», «Одина», «Дохунда» ва «Ёддоштҳо» ба таҳкими забони адабии тоҷик нақши созгор гузоштааст.

Дар даврони 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин забон бори дигар обрӯву нуфузи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри забонро ба умри миллат вобаста дониста, дар мақоми давлатӣ гирифтани он саҳми босазо гузоштаанд. Аз ҷумла, дар суханрониҳояшон қайд намудаанд, ки: «Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад.

Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд».

Пешвои миллат бо ин забон борҳо аз минбари баландтарини олам Созмони Милали Муттаҳид суханрониҳо намудаанд. Дар ҳақиқат Сарвари давлат имрӯз пуштибону ҳомӣ ва нигаҳбони забони миллат мебошанд.

Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошанд .Он гоҳ мо метавонем, дар тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба Модар- Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.

Бузугдошти забони давлатӣ  арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст, аз ин рӯ Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогохӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон хоҳад монд.

Собиров Далер, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg