ҚУБОДИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади таҷлили Рӯзи забон дар муассисаи таълимии № 48 бо иштироки таълимгирандагони ин муассиса ва волонтиёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мизи мудаввар зери унвони «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ» доир гардид.
Мизи мудавварро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Алишер оғоз намуда, қайд кард, ки нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Дар ҳақиқат, ҷавонон ҳамчун қувваи бузург буда, дар дигаргуниҳои ҷомеа нақши хеле муҳим доранд. Имрӯзҳо ҷавонон бо дарки амиқи дастгириҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ, азму иродаи қавӣ ва завқи баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти воқеии ҷомеа, роҳи рушду субот ва ояндаи миллат дарак медиҳад. Зеро дар ин раванд дарки таҳаввулот ва равандҳои ҷаҳони муосир ва дуруст дарку таҳлил намудани онҳо аз ҷониби ҷавонон дар пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат ва нуфузи он нақши муҳим дорад. Чунки ҳар тағйиру таҳаввулоте, ки дар ҷаҳони дирӯзу имрӯз ба вуқуъ мепайвандад, бархоста аз нерӯи ҷавонон сарчашма мегирад.