БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЁВОН. Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ, забони давлатӣ ва сазовор таҷлил намудани ин санаи фархунда, бо ташаббуси ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-ноҳия чорабинии тантанавӣ зери унвони “Забон ҳастии миллат” баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику муборакбод намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби толибилмони ин даргоҳи илму маърифат шеърҳо дар васфи забони модарӣ қироат карда шуд.

Инчунин, директори муассисаи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ин рӯз бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg