БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ НООГОҲИЮ НОФАҲМӢ ТО ИФРОТГАРОӢ

АНДЕША. Бояд тазаккур дод, ки экстремизм (ифротгароӣ ) бо бунёдгароӣ  (фундаметализм) ва радикализм (тундгароӣ)  ҳамшарикӣ дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмуаи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд ва саранҷом боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату  ваҳшати мардумӣ мегарданд.

Решаю омилҳои имрӯзаи  ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ -  мазҳабӣ, қабл аз ҳама  дар ақибмондагии саросари иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳар қадар иҷтимоъ моили  ҷаҳолату афкори пӯсидаи гузашта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифроту тафритгарӣ онро таҳдид мекунад. Аз назари  коршиносӣ, авомзадагӣ як бемории риққатбор ва андешакуши иҷтимоӣ аст. Хирадситезӣ ё ба истилоҳ, яксӯнигарӣ дар фазою муҳити кишварҳои исломӣ сабаби бузурги ифротгароии динӣ ва ба ин монанд истибдодҳои равонию ҷисмонӣ гардид.

“ Ифротгароӣ ва терроризми дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза экстремизм, терроризм  ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин  мақсадҳои зишт роҳ дода  нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои  ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд” – мегӯянд. Бо он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо  истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро  васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи  сода ва арзон муошират истифода  менамоянд,  дар баробари ин ҷанг задан ба эҳсоси мардум ҳамагуна ҳадафу ҳаракатҳои  худро бо дин омехта мекунанд. Имрӯзҳо  миллионҳо нафар  ба василаи техникаву технологияҳои нав вориди гурӯҳҳои  ифротӣ гашта истодаанд.

Истифодаи васеи  технология аз ҷониби ҳаракату  равияҳои  ифротгаро бисёр хатарзо ва таассуфовар аст. Мушоҳидаҳо нишон  медиҳанд, ки  қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути  шабакаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини Ислом, паст бурдани сатҳи маърифату дониш,  бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда  натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа,  нокомӣ дар  мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ  мегардад, ки дар анҷом  ё ба ифротгароӣ ва ё терроризм  бурда мерасонад.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани гурӯҳҳои ифротию тундгаро сатҳи пасти  шароити зиндагӣ,  бехабар будан аз тарбияи  нокифояи насли  наврас маҳсуб меёбад. Дар шароити  ҷоҳонишавӣ ба масъалаҳои ҳифзи  сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва  маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар хусусан  ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Бинобар ин,  мо шаҳрвандони кишвар ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ масъулияти худро натанҳо бо  шиору гуфтор ситоишу парастиш намоем,  балки бо меҳнати  софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем,  бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ,  худогоҳиву  худшиносӣ,  инчунин  ҷалби  онҳо дар корҳои  созандагиву  ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои  истиқлолият ва таҳким  бахшидани ваҳдати  миллӣ  саҳмгузор бошем.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg