БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН КАФИЛИ МАВҶУДИЯТИ ФАРҲАНГ АСТ

АНДЕША. Дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии Тоҷикистон  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  таъкид  карданд, ки   «забони  тоҷикӣ  дар баробари  дигар  муққадасоти  миллии мо  рамзи  давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги  оламшумул ва  мояи ифтихори мо тоҷикон аст». Таваҷҷуҳ ба забони  модарии тоҷикӣ- дарӣ нишони дарки баланди худшиносии миллии   бузургони гузаштаамон арзёбӣ мешаванд, агарчӣ тибқи гуфтаи  мутафаккири  барҷастаи  араби  ибни  Халдун, ки дар «Муқаддима»  ном  асари  таърихиаш  овардааст. Ҷомеи  мутахассисони  сарфу  наҳви  арабӣ  порсоён «Тоҷикон» буданд.

Бояд  гуфт, ки  бори  аввал  Қуръони карим  соли 713 «м»  ба  забони  порсӣ «тоҷикӣ» тарҷума, нашр  гардидааст. Баъдтар  бо пешниҳоду  фатвои  аҷдоди  бузургамон  Имоми Аъзам  гузаронидани  намоз  ба   ин  забон  амалӣ   шудааст.  Дар  китоби «Тафсири Табарӣ» овардаанд, ки «Гуфтанд  раво  бошад  хондан  ва  навиштани  тафсири  Қуръон  ба  порсӣ  мар он  касеро, кӣ  тозӣ «арабӣ» надонад….  Ин  забони  порсӣ   аз  қадим  боздонистаанд, аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоил пайғамбар  алайҳиссалом  ҳам пайғамбарамон ва мулуки забон ба порсӣ сухан гуфтандӣ.

Вале боиси таассуф ва аламовар аст, ки ҳатто бо гузашти зиёда аз 1200 соле, ки миллати тоҷик дини мубини Исломро қабул  кардааст, баъзе намояндагони  дин имрӯз ҳам дуову муноҷоти худашонро сирф ба забони арабӣ талаффуз намуда, мисли ҳамешагӣ парвое надоранд, ки сомеъон – шунавандагон онро  мефаҳманд ва ё не. Шояд чунин ҳолат дар давлатҳои дигари мусалмоннишин  мушоҳида нагардад, чунки арабҳо, аврупоиҳо, америкоиҳо, ангилису фаронсавиҳо ва миллатҳои дигар китобҳои муққадаси худро бо забони модариашон қироат мекунанд. Пас барои чӣ тоҷикон ҳамеша ҳангоми шунидани садои оятҳои қуръонӣ  дар ҷой  нишаста боадабона таваҷҷуҳу дуо менамоянд. Фикр мекунам, ки сабаби асосиаш он аст, ки  ақлу  дили  миллати  тамаддунофари тоҷик ҳатто  пеш  аз  зуҳури  дини  Ислом  ҳам  бо Худованди  воҳид  пайваст  буд. Дар  ин лаҳза   бояд  аз суханони  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  ёд  биоварем, ки   мегӯянд:

 «Худоро  бо ақлу дил бояд шинохт. Мусалмонони моро танҳо  Офаридгор  муайян месозад. Инчунин,  оид ба  ин мавзӯъ дар  китоби  Ҷаноби  Олӣ  « Дин ва ҷомеа» оварда шудааст, ки «Абӯҳанифа Имоми Аъзам  ба  забони  қавмҳои  ғайриарабӣ,  махсусан  забони  тоҷикӣ  мақоми  хосса  бахшида,  аҳмияти  онро  барои  решадор   сохтани   фарҳанги  қуръонӣ  дар  дилҳои   мардум  бисёр  мешуморид. Ба  забони  модарии  худ  бо Парвардигор  розу  ниёз  гуфтанд,  зикру  дуо  карданро  шариат  аз  корҳои  писандида  донистааст.

Ман   мегуфтам, ки  забони  давлатии  мо-  забони  тоҷикӣ- дарӣ «Дили  ду  дунё» - ро  гирифтааст, зеро  дар   қатори  забони  арабӣ  забони   дуюми  қуръонист.

Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg